• Дар бораи мо
  • Бо мо тамос гиред
  • tjТоҷикӣ
    • ruРусский
    • zh-hans简体中文
Шанбе, Январ 16, 2021
CHINA NEWS - Таджикско-Китайский информационный портал
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Ахбор
  • Оиди Чин
  • Аксҳо
  • Видео
  • Шарҳи ВАО
  • Сафаргуфтаҳо
  • Маслиҳатҳои муфид
  • Эълоннома
  • Асосӣ
  • Ахбор
  • Оиди Чин
  • Аксҳо
  • Видео
  • Шарҳи ВАО
  • Сафаргуфтаҳо
  • Маслиҳатҳои муфид
  • Эълоннома
No Result
View All Result
Таджикско-Китайский информационный портал
No Result
View All Result

Ҷашни Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон дар Пекин

admin admin
2020-11-23
дар Uncategorized
0
Ҷашни Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон дар Пекин
0
ТАҚСИМ КАРДАНД
0
ТАМОШО КАРДАНД
Тақсим карданТақсим карданТақсим кардан

21 ноябри соли 2020 Сафорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди байналмилалии сулҳи Чин бахшида ба Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон таҳти унвони “Дӯстии халқҳо-омили пойдории сулҳ дар ҷаҳон” чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор намуданд.

Дар остонаи чорабинии идона Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода ва Раиси Бунёди умумиҷаҳонии сулҳи Чин Ли Руохунг аз Осорхонаи сулҳ боздид намуда, баъдан зимни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафайнро дар ҳошияи ташаббуси чинии “Камарбанд ва Роҳ”, ҳамчунин давраи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (2020-2021) ва 30-солагии Рӯзи истиқлолияти кишварамон баррасӣ карданд.

©China-news.tj

Дар ҳошияи чорабинӣ, ҳамчунин дар саҳни Боғи Бунёди умумиҷаҳонии сулҳи Чин, рӯи тахтасанг лавҳаи “Паёми сулҳ” -и роҳбари намояндагии дипломатӣ гузошта шуд, ки дар он бо забонҳои чиниву англисӣ зикр шудааст: “Ваҳдати миллӣ асоси заминавии сулҳ дар Тоҷикистон аст, ки поягузори он Президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Танҳо дӯстии халқҳо метавонад омили пойдории сулҳ дар ҷаҳон бошад”.

©China-news.tj

Дар қисмати расмии чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Зоҳир Саидзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки 28 соли охир Тоҷикистону Чин ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамсоя ва шарикони стратегӣ мунтаззам робитаҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаро таҳким мебахшанд. Ба густаришу таҳкими равобити мо муносибати дӯстонаи шахсии роҳбарони олимақоми ду кишвари ҳамсоя – Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Чин Си Ҷинпин таъсири амиқ мегузоранд.

Ба андешаи Сафир, ҷашни фархунда – Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Пешвои худ ва ваҳдату якпорчагӣ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар партави Парчами давлатӣ мебошад. Ҷавонону наврасони саодатманд вазифадоранд, ки ба ин муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузоранд, онҳоро ҳифз кунанд ва ҳамчун нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои рушди кишварамон саҳми босазои худро гузоранд.

©China-news.tj

Дар ин росто, Сафир Зоҳир Саидзода таъкид кард, ки донишҷӯёни тоҷики муҳассили мактабҳои олии Чин  бояд бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои барояшон  фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаашонро дар ин кишвар аз худ намоянд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд, забон ва фарҳанги Чинро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаи хеш амиқ омӯзанд, рафтору кирдори некро пеш гиранд.

Ҷавонону наврасони тоҷикро лозим аст, ки дар ин замони ҳассос, дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.

©China-news.tj

Сафир таъкид кард, ки дар Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ба таври шоиста  муаррифӣ  кардан вазифаи ҳар яки мост.

Раиси Бунёди умумиҷаҳонии сулҳи Чин Ли Руохунг низ зимни суханронии худ ба зарурати густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин таъкид намуда, иттилоъ дод, ки Сафорати  Тоҷикистон ва  Бунёди сулҳ ба тавоқуф расиданд, ки дар ин самт ҳамкориҳоро пурзӯр хоҳанд кард.

©China-news.tj

Муҳассили курси аввали Донишгоҳи Пекин Гуландом Маҳмудова ба ҳайси намояндаи донишҷӯёни тоҷикистонии Чин дар бораи Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён намуда, изҳор дошт, ки ҷавонон пайравони Пешвои миллат мебошанд.

©China-news.tj
©China-news.tj

Дар анҷоми қисмати расмӣ дар экрани бузург намоиши филми мустанади Телевизиони “Сафина” дар бораи таърихи Рӯзи Президент ва қабули Парчами давлатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

©China-news.tj

Ногуфта намонад, ки дар долонҳои чорабинӣ ҳамчунин намоиши асарҳои рассоми  тоҷик Ғафур Ҷӯраев ва ҳамтоёни чинии у Чэн Тсзян ва Ян Яя доир карда шуда, дар як шафати он китобу албомҳои рангаву мусаввар дар бораи Президент, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

©China-news.tj
©China-news.tj

Дар қисмати консертии чорибинӣ ҳамчун пайванди дӯстӣ ва намунаи беҳтарини гуфтугӯи фарҳангии Тоҷикистону Чин аз ҷониби  овозхони чинӣ Мяо Лифанг ва сарояндаи шинохтаи тоҷиктабори Чин Охунӣ Давлатбек таронаҳои тоҷикию чинӣ садо доданд.

©China-news.tj
©China-news.tj

Тантанаи идона бахшида ба Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин, ки бо оростонаи дастархони миллӣ ва меҳмондории тоҷиконаи иштирокдорон ба анҷом расид, нахустин чорабинии оммавии Сафорати Тоҷикистон буд, ки баъди ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар Чин баргузор гардид.

©China-news.tj
Tags: Зоҳир СаидзодаКамарбанд ва РоҳЛи РуохунгМяо ЛифангОхунӣ ДавлатбекСи Ҷинпин

Замимаҳои алоқаманд

Авлавиятҳои давраи Раесати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ
Ахборот

Авлавиятҳои давраи Раесати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ

2021-01-13
Ахборот

Муаррифии китоби «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ» дар шаҳри Ланҷоу

2021-01-08
Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай
Ахборот

Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай

2021-01-03
Солгарди таъсиси Маркази  табодули фарҳангӣ дар Пекин
Ахборот

Солгарди таъсиси Маркази табодули фарҳангӣ дар Пекин

2020-12-22
“Star Mall” ва роҳи Тоҷикистон ба бозорҳои   Чжухай-Макао-Гонгонги Чин
Ахборот

“Star Mall” ва роҳи Тоҷикистон ба бозорҳои Чжухай-Макао-Гонгонги Чин

2020-12-16
Чин ва Нақшаи панҷсолаи  14-уми рушди он барои солҳои 2021-2025
Ахборот

Чин ва Нақшаи панҷсолаи 14-уми рушди он барои солҳои 2021-2025

2020-12-16
Замимаи оянда
Премьер-министра Таджикистана

ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ДАВЛАТЩОИ УЗВИ СҲШ

Ҷавоби худро гузоред Cancel reply

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад. Майдонҳои зарурӣ бо "*" қайд карда шудаанд.

ПОПУЛЯРНЫЕ НОВОСТИ

Посол Китая в Республике Таджикистан Лю Бинь: «Добро пожаловать в Синьцзян Китая!»

Посол Китая в Республике Таджикистан Лю Бинь: «Добро пожаловать в Синьцзян Китая!»

2019-10-21

ВЫБОР РЕДАКЦИИ

Республика Таджикистан приняла председательство в ШОС

Республика Таджикистан приняла председательство в ШОС

2020-11-11

Эмомали Рахмон выразил искреннюю благодарность таджикскому народу за честный и добросовестный труд

2020-06-29
Боздиди Сафири Тоҷикистон аз шаҳрҳои Шанхай ва Кунмини Чин

Боздиди Сафири Тоҷикистон аз шаҳрҳои Шанхай ва Кунмини Чин

2020-12-09
Мулоқот бо намояндаи Ҳукумати музофоти Хенан

Мулоқот бо намояндаи Ҳукумати музофоти Хенан

2020-10-24

Дар бораи лоиҳа

Сhina-news.tj – это первый информационный интернет –ресурс, созданный на таджикском (русском и китайском) языке в доменной зоне .tj

Категорияҳо

  • Аксҳо
  • Ахборот
  • Без категории
  • Видео
  • Оиди Чин
  • Сафаргуфтаҳо
  • Шарҳи ВАО

Хабарҳои охир

  • Авлавиятҳои давраи Раесати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ
  • Муаррифии китоби «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ» дар шаҳри Ланҷоу
  • Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай
  • Солгарди таъсиси Маркази табодули фарҳангӣ дар Пекин

© 2019 Дар LittleBug таҳия шудааст.

No Result
View All Result
  • Home 1
  • Ахборот
  • Оиди Чин
  • Аксҳо
  • Видео
  • Шарҳи ВАО
  • Сафаргуфтаҳо
  • Маслиҳатҳои муфид
  • Эълоннома
  • tjТоҷикӣ
    • ruРусский
    • zh-hans简体中文

© 2019 Дар LittleBug таҳия шудааст.

Login to your account below

Forgotten Password?

Fill the forms bellow to register

All fields are required. Log In

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

Log In